дам — I [دم] асоси замони ҳозира аз дамидан II [دم] 1. нафас; дами касе гаштан (гардидан) нафаси касе ба дарун афтидан; нафас гирифта натавонистан 2. ҳаво, бод; пуф; дами чизеро холӣ кардан боди чизеро баровардан, ҳавои чизеро сар додан; дами шикам… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бетанаффус — [بي تنفس] танаффус накарда, дам нагирифта; пайваста, доим … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бодхӯр — [بادخور] 1. ҷое, ки дар он ҷо бод бисёр мевазад 2. истироҳат ё танаффус дар миёни фаъолият ё кори хастакунанда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дамгирӣ — [دمگيري] танаффус дар кору машғулият; истироҳат: вақти дамгирӣ; рӯзи дамгирӣ рӯзи фориғ аз кору машғулият, рӯзи таътил, рӯзи истироҳат … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
монугир — [مان وگير] 1. бо таваққуф, бо танаффус; гоҳ истода, гоҳ давом карда 2. бо навбат, яке аз паси дигаре … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
фарҷ — [فرج] а 1. сӯрох, шикоф 2. андоми ниҳонии зан 3. фосила, мобайн, танаффус … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
чойхӯрак — [چاي خورک] 1. кҳн. танаффус барои чойхӯрӣ (дар мактаби кӯҳна) 2. дӯстдори чой, мухлиси чойнӯшӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ